Ҳарифони боксчиёни тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 23.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 июл маросими қуръакашии мусобиқаи бокс дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор шуд. Дар натиҷаи он ҳарифони варзишгарони тоҷик муайян шуданд. 25 июл ду варзишгари шинохтаи тоҷик дар даври 1/16-ниҳоӣ муҳориба мекунанд – Баҳодур Усмонов дар вазни -63кг бо Леонел Сантоз Нунез аз Доминикан ва Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг бо Даксианг Чен аз Чин. Қувваозмоии онҳо тақрибан соати 9:30 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.
Тавре аз Федератсияи бокси Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, Сиёвуш Зуҳуров 29 июл дар вазни +91кг қувваозмоиро аз даври 1/8-финал шурӯъ менамояд. Ҳарифаш Мурод Алиев аз Фаронса мебошад. Қувваозмоии ӯ тақрибан соати 8:40 бо вақти Душанбе оғоз мегардад. Дар мусобиқаи бокс, ки аз 24 июл то 8 август аз рӯи 13 категорияи вазнӣ (8 вазн миёни мардҳо, 5 вазн миёни бонувон) сурат мегирад, 289 варзишгар (187 мард, 102 зан) аз 80 давлат, инчунин дастаи гурезаҳо ширкат мекунанд. Ҳамчунин миёни онҳо чаҳор варзишгари шинохтаи тоҷик аз рӯи намуди дзюдо низ қарор доранд: Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг).
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз имрӯз то 8 август дар шаҳри Токиои Япония Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ баргузор мешаванд, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ мекунанд.
22 июл зимни қуръакашӣ рақибони паҳлавонони шинохтаи тоҷик маълум шуданд:
26 Июл, Душанбе | шурӯъ аз соати 07:00
-73КГ | Даври 1 | Сомон Маҳмадбеков vs Аҳмад Аликай (Дастаи мунтахаби гурезаҳо)
27 Июл, Сешанбе | шурӯъ аз соати 07:00
-81КГ | Даври 1 | Акмал Муродов vs Ҷоштер Эндрю (Гуам)
28 Июл, Чоршанбе | шурӯъ аз соати 07:00
-90 KG | Даври 2 | Комроншоҳи Устопириён vs Алекс Клергет (Фаронса)
30 Июл, Ҷумъа | шурӯъ аз соати 07:00
+100 KG | Даври 1 | Темур Раҳимов vs Энди Гранда (Куба)
Рақобатҳо дар намуди дзюдо аз 24 то 30 июл сурат мегиранд.
Мавриди зикр аст, ки роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон бо варзишгарон ва мураббиён мулоқот карда, ба онҳо муваффақият хостанд. Зимни мулоқот ба маълумоти варзишгарон расонида шуд, ки аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба варзишгароне, ки медал ба даст меоранд, дар пойтахти мамлакат хона туҳфа карда мешавад. Аз ҷумла, барои медали тилло хонаи чорҳуҷрагӣ, барои медали нуқра хонаи сеҳуҷрагӣ ва барои медали биринҷӣ хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз Фонди Пешвои миллат ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюмро сазовор мешаванд, мутаносибан 300 000 сомонӣ, 250 000 сомонӣ ва 200 000 сомонӣ ҷудо мешавад. Варзишгарони Тоҷикистон қабл аз сафар ба Токио дар самти ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ, иштирок дар мусобиқаҳои интихобӣ, фармакология аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ таъмин гардиданд.
32-юмин Бозиҳои Олимпиада дар шаҳри Токиои Ҷопон аз 23 июл то 8 август баргузор мешавад. Дар бозиҳо ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 23 нафар, аз ҷумла 10 варзишгар – Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (дзюдо), Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов (шиноварӣ) ширкат мекунанд.
Маросими кушодашавии бозиҳо шоми 23 июл дар Варзишгоҳи олимпии Токио сурат мегирад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






