Ҳарифони боксчиёни тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ муайян шуданд

Июль 23, 2021 08:40

ДУШАНБЕ, 23.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 июл маросими қуръакашии мусобиқаи бокс дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор шуд. Дар натиҷаи он ҳарифони варзишгарони тоҷик муайян шуданд. 25 июл ду варзишгари  шинохтаи тоҷик дар даври 1/16-ниҳоӣ муҳориба мекунанд – Баҳодур Усмонов дар вазни -63кг бо Леонел Сантоз Нунез аз Доминикан ва Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг бо Даксианг Чен аз Чин. Қувваозмоии онҳо тақрибан соати 9:30 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Тавре аз Федератсияи бокси   Тоҷикистон  ба  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар  доданд,  Сиёвуш Зуҳуров 29 июл дар вазни +91кг қувваозмоиро аз даври 1/8-финал шурӯъ менамояд. Ҳарифаш Мурод Алиев аз Фаронса мебошад. Қувваозмоии ӯ тақрибан соати 8:40 бо вақти Душанбе оғоз мегардад. Дар мусобиқаи бокс, ки аз 24 июл то 8 август аз рӯи 13 категорияи вазнӣ (8 вазн миёни мардҳо, 5 вазн миёни бонувон) сурат мегирад, 289 варзишгар (187 мард, 102 зан) аз 80 давлат, инчунин дастаи гурезаҳо ширкат мекунанд. Ҳамчунин миёни онҳо чаҳор варзишгари шинохтаи тоҷик аз рӯи намуди дзюдо низ қарор доранд: Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг).

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз имрӯз то 8 август дар шаҳри Токиои Япония  Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ баргузор мешаванд, ки дар он Ҷумҳурии  Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ мекунанд.

22 июл  зимни қуръакашӣ рақибони паҳлавонони шинохтаи тоҷик маълум шуданд:

26 Июл, Душанбе | шурӯъ аз соати 07:00

-73КГ | Даври 1 | Сомон Маҳмадбеков  vs Аҳмад Аликай (Дастаи мунтахаби гурезаҳо)

27 Июл, Сешанбе | шурӯъ аз соати 07:00

-81КГ | Даври 1 | Акмал Муродов vs Ҷоштер Эндрю  (Гуам)

28 Июл, Чоршанбе | шурӯъ аз соати 07:00

-90 KG | Даври 2 | Комроншоҳи Устопириён  vs Алекс Клергет  (Фаронса)

30 Июл, Ҷумъа | шурӯъ аз соати 07:00

+100 KG | Даври 1 | Темур Раҳимов vs Энди Гранда (Куба)

Рақобатҳо дар намуди дзюдо  аз 24  то 30 июл сурат мегиранд.

Мавриди зикр аст, ки роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон бо варзишгарон ва мураббиён мулоқот карда, ба онҳо муваффақият хостанд. Зимни мулоқот ба маълумоти варзишгарон расонида шуд, ки аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба варзишгароне, ки медал ба даст меоранд, дар пойтахти мамлакат хона туҳфа карда мешавад. Аз ҷумла, барои медали тилло хонаи чорҳуҷрагӣ, барои медали нуқра хонаи сеҳуҷрагӣ ва барои медали биринҷӣ хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз Фонди Пешвои миллат ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюмро сазовор мешаванд, мутаносибан 300 000 сомонӣ, 250 000 сомонӣ ва 200 000 сомонӣ ҷудо мешавад. Варзишгарони Тоҷикистон қабл аз сафар ба Токио дар самти ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ, иштирок дар мусобиқаҳои интихобӣ, фармакология аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ таъмин гардиданд.

32-юмин Бозиҳои Олимпиада дар шаҳри Токиои Ҷопон аз 23 июл то 8 август баргузор мешавад. Дар бозиҳо ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 23 нафар, аз ҷумла 10 варзишгар – Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (дзюдо), Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов (шиноварӣ) ширкат мекунанд.

Маросими кушодашавии бозиҳо шоми 23 июл дар Варзишгоҳи олимпии Токио сурат мегирад.

Июль 23, 2021 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» мусовӣ анҷом ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Варзишгари тоҷик Фариноз Абдуллоева барандаи медали нуқра гардид
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» доир мешавад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. 4 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе нишасти хабарии пеш аз бозии дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Наср» доир мешавад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Пагоҳ дар Душанбе бозии даври шашуми марҳилаи гурӯҳӣ байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Наср» баргузор мешавад
5 декабр дар се минтақаи шаҳри Душанбе фан-зона барои тамошои бозии «Истиқлол» ва «Ал-Наср» ташкил мешавад
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш бо 4 медали биринҷӣ ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН -2023. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пеш аз муҳлат ғолиб гардид
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид
Ҳарифони паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam-2023 оид ба ҷудо муайян шуданд
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА се зина боло рафт
ҶОМИ КФО-2023/24. «Равшан» боз бо «Марв»-и Туркманистон мусовӣ намуд