Азим Иброҳим: Роҳи оҳани Самарқанд –Панҷакент аз ҳисоби соҳибкорон бунёд шуда, ба рушди сайёҳӣ мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳи оҳани Самарқанд – Панҷакент аз ҳисоби соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бунёд гардида, на танҳо дар таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, балки дар рушди сайёҳии ҳарду кишвар нақши калидӣ хоҳад бозид. Чунин гуфт дар ҷамъи хабарнигорон Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.
Вазир зикр кард, ки масъалаи бунёди роҳи оҳани Самарқанд – Панҷакент дар ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд баррасӣ гардид. 4 километри ин роҳи оҳан, ки шаҳри Самарқандро бо Тоҷикистон мепайвандад, дар қаламрави шаҳри Панҷакент сохта мешавад.
Азим Иброҳим зимни шарҳи муҳимияти лоиҳаи мазкур зикр намуд, ки бо бунёди роҳи оҳани Самарқанд-Панҷакент на танҳо ҳамлу нақли молу маҳсулот ва мусофиркашонӣ меафзояд, балки он ба рушди туризм мусоидат менамояд, зеро роҳи оҳан ду шаҳри қадимаю бостонӣ- Самарқанд, ки таърихи 2700-сола дорад ва Панҷакент, аз ҷумла шаҳраки Саразми бостонро, ки таърихаш 5500-солро дар бар мегирад, мепайвандад.
Барои татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Самарқанд – Панҷакент ҳоло гурӯҳи корӣ фаъолият дорад.










Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд
БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИННОВАТСИЯ. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
«Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» тасдиқ гардид
Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ бошад
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок кард
Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид






