Азим Иброҳим: Роҳи оҳани Самарқанд –Панҷакент аз ҳисоби соҳибкорон бунёд шуда, ба рушди сайёҳӣ мусоидат менамояд

Июль 14, 2021 14:30

ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳи оҳани Самарқанд – Панҷакент аз ҳисоби соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бунёд гардида, на танҳо дар таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, балки дар  рушди  сайёҳии  ҳарду кишвар нақши калидӣ хоҳад бозид. Чунин гуфт дар ҷамъи хабарнигорон Вазири  нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.

Вазир зикр кард, ки масъалаи бунёди роҳи оҳани Самарқанд – Панҷакент дар ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва  Ӯзбекистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд баррасӣ гардид. 4 километри ин роҳи оҳан, ки шаҳри Самарқандро бо Тоҷикистон мепайвандад, дар қаламрави шаҳри Панҷакент  сохта мешавад.

Азим  Иброҳим зимни шарҳи муҳимияти лоиҳаи мазкур зикр намуд, ки бо бунёди роҳи оҳани Самарқанд-Панҷакент  на танҳо ҳамлу нақли молу маҳсулот  ва мусофиркашонӣ меафзояд, балки он ба рушди туризм мусоидат менамояд, зеро роҳи оҳан ду шаҳри қадимаю бостонӣ- Самарқанд, ки таърихи 2700-сола дорад ва Панҷакент,  аз ҷумла шаҳраки Саразми бостонро,   ки  таърихаш 5500-солро дар бар мегирад, мепайвандад.

Барои татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Самарқанд – Панҷакент ҳоло гурӯҳи корӣ  фаъолият дорад.

Июль 14, 2021 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтанд, ки ҳаҷми савдоро то ба 500 миллион доллар расонанд
Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад
Дар 5 моҳи соли 2025 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил дод
Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ месозад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон 4,7 баробар зиёд гардидааст
Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад