Баҳодур ва Сомон дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 бар ҳарифон ғолиб омаданд, Шаббос аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд
ДУШАНБЕ, 26.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 июл дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 ду варзишгари шинохтаи тоҷик аз намуди бокс – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев муҳориба карданд.
Баҳодур Усмонов дар вазни -63кг ба муқобили варзишгар аз Доминикан Леонел Сантос Нунез ба ринг баромада, бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Акнун ӯ дар даври 1/8-финал бо ғолиби ҷуфти Чинзогир Баатарсух (Муғулистон) / Элнур Абдураҳимов (Ӯзбекистон) вомехӯрад.
Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг бо варзишгари Чин Даксиан Ченг муҳориба карда, бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.
Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Имрӯз, 26 июл Сомон Маҳмадбеков аз намуди гӯштини дзюдо дар вазни -73кг хеле ҳунари хуб нишон дода, рақобати аввалини худро дар Бозиҳои олимпии Токио- 2020 бо ғалаба оғоз намуд. Сомон бар ҳарифи дуюми худ — Аҳмад Аликай аз дастаи гурезаҳо дастболо шуда, ба даври сеюми рақобатҳо роҳхат гирифт.
Хотирнишон месозем, ки ин мусобиқа соати 7:00 бо вақти Душанбе оғоз шуда, қувваозмоиҳои финалӣ соати 13:00 шурӯъ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ворид гардидаанд. 11 324 нафар варзишгарон давоми 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо талош мекунанд.
Аввалин медали тиллои олимпиро 24 июл варзишгари чинӣ Қиан Йанг дар тирандозӣ аз милтиқи бодӣ дар масофаи 10 метр ба даст овард. Инак, то ҳоло варзишгарони 33 давлат соҳиби медал шудаанд, аз ҷумла намояндагони 13 давлат ба гирифтани медали тиллои Бозиҳои олимпии Токио шарафёб шудаанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






