Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ Атласи пиряхҳои Тоҷикистон ва гиёҳҳои шифобахши он ба нашр мерасад
ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Атласи пиряхҳои Тоҷикистон ва гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон омода гардида, дар арафаи нашр қарор дорад. Дар ин бора президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод.
Атласи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон бори аввал дар шакли мукаммал пурра омода шудааст. Дар атласи мазкур бевосита гиёҳҳое ҷой дода шудаанд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон мерӯянд ва хосияти фармакологии онҳо пурра омӯхта шудааст. Ин гиёҳҳоро метавон барои рушди саноати доруворӣ дар мамлакат бевосита ҷамъоварӣ ва истифода кард.
Бино ба гуфтаи Фарҳод Раҳимӣ, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имсол ба ҳисоби миёна дар як рӯз як асари илмӣ ба чоп мерасад.
«Соли гузашта олимони академия 269 асари илмӣ ба чоп расониданд. Имсол, ки мо дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 70–солагии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, аз ин рӯ ба нақша гирифтаем, ки давоми сол 365 номгӯй асари илмӣ ба табъ расонем. Имрӯз тақрибан 50 дар сади китобҳо ба нашр расида ё дар арафаи чоп қарор доранд»,- иброз дошт президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
«Муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мисли солҳои қаблӣ ба душвориҳое, чун кам будани маоши кормандон, норасоии маблағ барои харидани лавозимоти зарурии илмӣ, таҷҳизоти техникӣ, асбоб, маводи химиявӣ, китобу маҷаллаҳои илмӣ, ташкили сафарҳои илмӣ ва ғайра дучор гардидаанд. Имрӯз заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмии АМИТ ҷавобгӯи талаботи замон нест. Ҷалби мутахассисони ҷавон ва хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба муассисаҳои Академия ва тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ бо вуҷуди он, ки нисбатан беҳтар гардидааст, вале боз ҳам беҳбудӣ мехоҳад. Камбудии ҷиддӣ дар иқтисодиёти мамлакат хеле кам татбиқ гардидани коркардҳои илмии олимони Академия мебошад», — афзуд Фарҳод Раҳимӣ.








Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид






