Бо дастгирии мудирияти НБО «Роғун» 27 нафар тарбиятгирандагони Хонаи бачаҳо ба истироҳати тобистона фаро гирифта шуданд
РОҒУН, 26.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии мудирияти НБО «Роғун» дар мавсими истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон 27 нафар тарбиятгирандагони Хонаи бачаҳои ба номи Т. Қодирови шаҳри Роғун ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Чангоб»-и шаҳри Ҳисор фиристода шуданд. Ҳамчунин 10 нафар фарзандони омӯзгорони шаҳр бо роҳхати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ба истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» сафарбар гардиданд.
Дар ин бора Раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 145 банд нақшаи чорабиниҳо таҳия намуд, ки то имрӯз 106 банди ин нақша амалӣ шудааст. Иншооте, ки бахшида ба ин ҷашни фархунда сохта мешаванд, аз муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатию бунгоҳҳои тиббӣ, бунёди гулгаштҳо, таъмиру барқарорсозӣ, равшаннамоии маҳаллаҳо, коргоҳи дӯзандагӣ, марказҳои сайёҳӣ, дорухона ва дигар намуди иншооти хизматрасонӣ иборат мебошанд.
Имрӯзҳо мардуми шаҳри Роғун дар якҷоягӣ бо соҳибкорон барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани ин санаи таърихӣ дар корҳои созандагию бунёдӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






