Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон ба Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров Нишони фахрии СААД супорида шуд

Июль 22, 2021 23:05

ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СААД Станислав Зас суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти СААД иттилоъ доданд.

Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами фаъолияти ҷории Созмон ва рафти омодагӣ ба иҷлосияи дарпешистодаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин имрӯз бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли СААД Станислав Зас ба Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров Нишони фахрии СААД дараҷаи I-ро супорид.

Инчунин Нишони фахрии СААД дараҷаи II ба муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко тақдим карда шуд.

Қарор дар бораи сарфарозгардонии С. Лавров ва А. Руденко бо Нишони фахрӣ дар иҷлосияи моҳи декабри соли гузаштаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ қабул гардид. Онҳо барои саҳми назаррасашон дар таҳкими амнияти дастаҷамъӣ, муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир ва рушди ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои СААД сарфароз гардонида шуданд.

 

АКС: хадамоти матбуоти СААД

Июль 22, 2021 23:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд