БОКС. Ҳарифи дуюми Баҳодур Усмонов дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 муайян шуд

Июль 26, 2021 13:18

ДУШАНБЕ, 26.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов, ки 25 июл дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 63 кило бар ҳарифаш Леонел Сантоз Нунез аз Доминикан бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд, дар даври баъдӣ бо Элнур Абдураимов, варзишгари қазоқтабори узбекистонӣ рақобат мекунад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Қувваозмоӣ миёни Баҳодур Усмонови 23-сола (либоси сурх) ва Элнур Абдураимови 27-сола (либоси кабуд) 31 июл, соати 12:51 бо вақти маҳаллӣ (08:51 бо вақти Душанбе) шурӯъ мешавад. Муштзани узбекистонӣ ҳам рӯзи якшанбе дар рақобати аввалини худ бар Чинзонг Баатарсух аз Муғулистон бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд.

Хотиррасон мешавем, ки Элнур Абдураимов барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар соли 2015 дар Қатар мебошад. Ӯ соли 2017 дар чемпионати ҷаҳон дар Ҳамбурги Олмон мақоми панҷумро соҳиб шудааст. Инчунин Элнур Абдураимов соли 2017 дар чемпионати Осиё дар  шаҳри Тошканди Ҷумҳурии  Узбекистон бо медали тилло сарфароз шуд. Имсол дар чемпионати Осиё дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Баҳодур Усмонов  соли 2019 дар шаҳри  Бангкоки Тайланд ба унвони чемпиони Осиё даст ёфт. Ӯ дар чемпионати ҷаҳон соли 2019 дар шаҳри Екатеринбурги Россия мақоми нуҳумро касб карда, имсол дар чемпионати Осиё дар Дубай медали биринҷӣ гирифт.

 

 

Июль 26, 2021 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд