Бомбаи сайёр: табиб дар бораи паҳнкунандаҳои фавқулодаи коронавирус нақл кард
ДУШАНБЕ, 11.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Иван Коновалов, дотсенти Донишгоҳи миллии тадқиқоти тиббии Россия ба номи Н.Пирогов, табиби бемориҳои сироятии маркази «Диавакс» гуфт, ки кадом одамон метавонанд муддати дароз дигаронро бо коронавирус сироят кунонанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Sputnik Тоҷикистон».
«Баъзе одамони аз ҷиҳати генетикӣ нодир ҳастанд, ки системаи эминии онҳо нисбат ба мавҷудияти вирус таҳаммулпазир аст, онҳо вирусро нисбат ба дигарон зиёдтар ҷудо мекунанд», — гуфт духтур.
Вай афзуд, ки табибон чунин одамонро «паҳнкунандаҳои фавқулода» меноманд. Вазъият бо чунин беморон аз он ҷиҳат мураккаб аст, ки маъмулан онҳо бемориро бидуни нишона мегузаронанд.
«Онҳо аз ҷиҳати таносуби фоизӣ чандон зиёд нестанд, аммо онҳо вирусро ба одамони дигар интиқол ва албатта, ба раванди эпидемиологӣ рушди иловагӣ медиҳанд», — гуфт Коновалов зимни муколама бо ТАСС.
Табиби амрози дохилӣ, пулмонолог Алексей Никишенков, ки бо беморони «минтақаи сурх» кор мекунад, зикр кард, ки бемори коронавирус маъмулан сироятро то 10 рӯз паҳн мекунад.
Коршинос илова кард, ки одатан барои вирус якчанд рӯз лозим аст, ки дар бадан як навъ ҳаҷм пайдо ва ба паҳншавӣ шурӯъ намояд.
Никишенков илова кард, ки дар ҳолати вобаста ба гунаи «делта» давраи инкубатсионии он метавонад зиёдтар шавад.
АКС аз «Sputnik» / Сергей Пятаков








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






