Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии 20 ва 50-сомонии намунаи соли 2021-ро ба муомилот мебарорад

Июль 21, 2021 14:16

ДУШАНБЕ, 21.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии навро бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 — сомонии намунаи соли 2021 ба муомилот мебарорад. Ҳадафи ба муомилот баровардани пулҳои коғазии нав  таъмини талаботи муомилоти пули нақди ҷумҳурӣ бо пулҳои коғазӣ ва баланд бардоштани дараҷаи ҳимояи пули миллӣ арзёбӣ мегардад. 

Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 20 ва 50- сомонии намунаи соли 2021 дар радифи пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонӣ, намунаи солҳои 1999, 2010, 2017 ва 2018, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкили шароит барои ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намунаи соли 2021 бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонӣ тибқи тартиби муқарраршуда тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Пулҳои коғазии бо арзишҳои номиналии 20 ва 50-сомонии намунаи соли 2021 дорои дараҷаи ҳифозатии баланд буда, аз омехтаи нахи пахта (80%) ва маводи химиявии полимер (20%) омода шудаанд. Онҳо дорои унсурҳои ҳимоявӣ, аз қабили нишонаи обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, унсури чопию нақшкӯби зидди нусхабардорӣ, тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда, кинеграмма, нишона барои нобиноён ва ҳимояи магнитӣ мебошанд.

Июль 21, 2021 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст