Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии 20 ва 50-сомонии намунаи соли 2021-ро ба муомилот мебарорад
ДУШАНБЕ, 21.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии навро бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 — сомонии намунаи соли 2021 ба муомилот мебарорад. Ҳадафи ба муомилот баровардани пулҳои коғазии нав таъмини талаботи муомилоти пули нақди ҷумҳурӣ бо пулҳои коғазӣ ва баланд бардоштани дараҷаи ҳимояи пули миллӣ арзёбӣ мегардад.
Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 20 ва 50- сомонии намунаи соли 2021 дар радифи пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонӣ, намунаи солҳои 1999, 2010, 2017 ва 2018, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкили шароит барои ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намунаи соли 2021 бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонӣ тибқи тартиби муқарраршуда тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Пулҳои коғазии бо арзишҳои номиналии 20 ва 50-сомонии намунаи соли 2021 дорои дараҷаи ҳифозатии баланд буда, аз омехтаи нахи пахта (80%) ва маводи химиявии полимер (20%) омода шудаанд. Онҳо дорои унсурҳои ҳимоявӣ, аз қабили нишонаи обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, унсури чопию нақшкӯби зидди нусхабардорӣ, тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда, кинеграмма, нишона барои нобиноён ва ҳимояи магнитӣ мебошанд.








Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷаласаи панелии соҳавии «Шарикии рушд: тасмимҳои бонкӣ ва суғуртавӣ барои ҷомеаи соҳибкорӣ» баргузор шуд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд






