Чорумин ҷаласаи Комиссияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 31.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 июл чорумин ҷаласаи Комиссияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фаннӣ дар шакли видеоконференсия баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳайатҳои ҷонибҳоро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитон Қодирзода Саъдӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии АМА оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ Абдул Носир аш-Шаолӣ роҳбарӣ намуданд.
Дар ҷаласа ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва АМА дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, ҳавопаймоӣ, таҳкими пояи қарордодию ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо роҳандозии тамосҳои мунтазамро баҳри рушду тавсеаи равобити дуҷониба муассир донистанд.
Дар анҷоми ҷаласа Ёддошти тафоҳум миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Палатаҳои тиҷорат ва саноати АМА оид ба таъсиси Шӯрои соҳибкорон ба имзо расид, ки он заминаи лозим баҳри таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ хоҳад буд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






