COVID-19: Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи тиббӣ кумак намуд
ДУШАНБЕ, 21.07.2021 /АМИТ «ХОВАР»/. 19 июл аз ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ барои пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID -19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи тиббӣ кумак расонида шуд.
Кумаки мазкур бо ибтикори подшоҳи Арабистони Саудӣ Шоҳ Салмон ибн Абдулазиз Оли Сауд дар арафаи Иди саиди Қурбон ба кишварҳои мусалмонии дӯсту бародари минтақа ва ҷаҳон ирсол гаштааст.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маросими таҳвили маводи тиббӣ дар Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Валид ибн Абдурраҳмон Аррашидон ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Дар маросими мазкур ҷонибҳо аз самараи пурбори ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иқдомҳои наҷибро маҳсули хиради сиёсӣ ва инсонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Арабистони Саудӣ, ходими «Ҳарамайни Шарифайн» Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд номиданд.
Ёдовар мешавем, ки кумакҳои тиббӣ аз либосҳои тиббӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, доруворӣ, маҳлулҳои безараркунӣ ва ғайра иборатанд.
АКСҲО: аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ










Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






