COVID-19. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муовинонаш ба аёдати гирифторони ин беморӣ ба муассисаҳои табобатии шаҳри Душанбе рафтанд

Июль 14, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 14.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. 13 июл  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир -Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода  ба  як зумра  муассисаҳои тандурустии пойтахт рафта, бо вазъи саломатии гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19  аз наздик шинос шуданд.Аз ҷумла,  Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини вазир Абдухолиқ Амирзода бо  мақсади огоҳӣ ёфтан аз вазъи саломатии гирифторони ин беморӣ аз   Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов-и шаҳри Душанбе  дидан намуданд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода аз бинои 6-уми Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва Шодихон Ҷамшед аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе боздид ба амал оварда, бо ҷаоаёни табобати гирифторони беморони коронавируси нави COVID-19  воқиф гардиданд.

Дар натиҷаи ин боздид маълум гардид, ки  дар муассисаҳои мазкур  дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ,   дигар мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас мебошанд.

Аз ҷониби роҳбарияти вазорат ба масъулини беморхонаҳои мазкур ҷиҳати  беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба гирифторони сирояти коронавирус дастуру супоришҳои мушаххас  дода шуд.

Дар ин зимн  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода  бо пайвандони беморон, ки берун аз беморхона қарор доштанд, суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат баҳри табобати  гирифторони ин беморӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Ёдовар мешавем, ки  мутахассиси варзидаи рус, терапевт Зайцев Андрей Алексеевич  давоми чанд рӯз мешавад дар Тоҷикистон қарор дорад, ба муассисаҳои тандурустии пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе, ки дар онҳо гирифторони сирояти коронавирус табобат мегиранд, ташриф оварда, бо мутахассисони тоҷик оид ба табобати бемории мазкур табодули таҷриба менамояд.

Июль 14, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд