Дар Афғонистон барои минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон ҷангҳои шадид идома доранд

Июль 27, 2021 12:34

ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи Калдори Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, вазъияти мураккаб мушоҳида мешавад. Субҳи 26 июл хабаргузории TOLO News навишт, ки неруҳои ҳукуматӣ тавонистанд ин минтақаро аз ҷангиён бозпас гиранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Аммо дар тӯли як соат вазъ ба куллӣ тағйир ёфт. Sputnik Афғонистон хабар дод, ки намояндаи ҳаракати Толибон (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) Забиуллоҳ Муҷаҳҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот нашр кард, ки ин минтақа дубора таҳти назорати Толибон қарор дорад.

Ба гуфтаи онҳо, 6 сарбози афғон кушта, 13 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки минтақаи Калдори музофоти Балх дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ҷойгир аст. Гузоришҳои ахир нишон медиҳанд, ки Толибон аксари марзи Афғонистонро таҳти назорат доранд, гарчанде маълумот аз манбаъҳои гуногун мухталиф аст.

 

АКС аз манобеи боз

Июль 27, 2021 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд