Дар Боғи Ирам Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва КВД «Тоҷикдипсервис»-и Вазорати корҳои хориҷӣ дар Муассисаи давлатии Боғи Ирам дар доираи вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Дар фестивал намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, ниҳодҳои сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, сайёҳону сокинони пойтахт иштирок доштанд.
Мақсад аз баргузории Фестивал густариш бахшидани фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ, муаррифии анъана ва урфу одатҳои давлатҳои бо ҳам дӯст ва ба ин васила ба ҷаҳониён пешниҳоди хӯрокҳои миллии тоҷикӣ мебошад.
Меҳмонону иштирокчиён аз намоиши театрикунонидашудаи ҳунармандон оид ба оини меҳмондории тоҷикон, хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар наҳорӣ, нисфирӯзӣ ва шомгоҳон, аз ҷумла, оши палав, кабобҳои сабзавотӣ ва гӯштӣ, лӯлакабоб, ҷигарбирён, сихкабоб, мурғбирён, каллапоча, қурутоб, шакароб, таҳмол, оши бурида, оши туппа, маҳсулоти ширӣ, ба монанди ҷурғот, чакка, қурут, равғани зард, маска, рӯи шир, панир, қаймоқ ва дӯғ, ширрӯған, ширбиринҷ, ширбат, ширкаду, ордбирён, хӯришҳои гуногун, меваҳои тару тоза, тарзи пешниҳоди хизматрасонӣ дар ошхонаву тарабхонаҳо, хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ ва имконоти сайёҳию ҳунармандӣ боздид намуданд.
Дар маросими кушодавии фестивал роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ сухан карданд.
Зикр гардид, ки ҳар халқ дорои хӯрокҳои миллии худ буда, анъанаҳои таомпазӣ дар тӯли асрҳо ташаккул ёфтаанд, мардум беҳтарин дастурҳоро нигоҳ дошта, ба наслҳои худ мерос мегузоранд.
Таомҳои анъанавӣ бо таърих, дин, расму оинҳо, афсонаҳо ва дигар омилҳо, ки ҳувияти беназири кишвар ё минтақаро ташаккул медиҳанд, робитаи зич доранд.
Аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди сайёҳии гастрономӣ заминаи мусоид гузошт. Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ аз нав эҳё гашта, сайёҳони дохилию хориҷӣ аз лаззати таомҳои миллӣ баҳра мебаранд.
Мунтазам баргузор намудани фестивалу идҳо, аз ҷумла иди «Оши палав», фестивали «Хӯрокҳо ва пуфакҳои ҳавоӣ», фестивали баҳории хӯрокҳои миллӣ, озмунҳои «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам», «Хӯришҳои миллӣ», «Яхмос ва обҳои ташнагишикан» ва дигар иду ҷашнҳо, инчунин ба кор оғоз кардани тарабхонаву ошхонаҳо бо унсурҳои миллӣ ба рушди саёҳати гастрономӣ ва ҷалби бештари сайёҳон такони ҷиддӣ бахшиданд. Дар ин замина, хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил карда шуда, сайёҳон аз иду фестивалҳо боздид менамоянд ва аз хизматрасонии ошхонаву тарабхонаҳо васеъ истифода мебаранд.
Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати пухтупазии халқи тоҷик дар тӯли садсолаҳо зери таъсири таърихи ғанӣ ташаккул ёфтааст.
Маҳсулоте, ки асоси таомҳои миллии тоҷикон мебошанд, таърихи қадимӣ доранд ва бо ҳар минтақа ва фарҳанги он алоқаманданд. Таомҳои гуногун ва дастархондорию меҳмоннавозии тоҷикӣ сайёҳонро ҳама вақт дар ҳайрат мегузорад.
Имрӯзҳо аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо ва ба меъёрҳои муосир баробар намудани онҳо, бо ҷалби коршиносони милливу байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд, ки ин имкон медиҳад сайёҳон аз хизматрасонии муносиб ва меҳмоннавозии тоҷикона баҳравар шуда, саёҳатҳои гастрономӣ боз ҳам рушд кунанд.
Марзия САИДЗОДА,
Тоҳирҷон САИД,
АМИТ «Ховар»
















































Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад






