Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор гардид

Июль 13, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 12 июли соли 2021 дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзномаи ҷаласаи ШҲМ СҲШ зиёда аз 70 масъалаи марбут ба фаъолияти ҷории Созмонро дар бар гирифт.

Ҳамоҳангсозони миллӣ рафти омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (Душанбе, 13-14 июли соли 2021) ва Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар сиғаи Гурӯҳи тамоси «СҲШ-Афғонистон» (Душанбе, 14 июли соли 2021)-ро баррасӣ карда, таваҷҷуҳи хос ба муҳтавои он чорабиниҳо зоҳир намуданд.

Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ ҳамоҳангсозии умумии фаъолияти СҲШ-ро анҷом медиҳад.

Раёсати Тоҷикистон таҳти шиори «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» ҷараён дорад.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Июль 13, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид
Нишасти навбатии Гурӯҳи корӣ дар қолаби С5+Олмон баргузор гардид
Тоҷикистон аз созиши оташбас байни Исроил ва Эрон истиқбол менамояд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Малдив эътимоднома супорид
Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи иқтисоду тиҷорат баррасӣ шуд