Дар Душанбе таҳти унвони «Пешвои миллат ва ҳадафҳои рушди устувори соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ,07.07.2021/АМИТ «Ховар»/. «Зарфи 7 соли охир барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 65 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки зиёда аз 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад». Чунин зикр шуд дар ҳамоише, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Пешвои миллат ва ҳадафҳои рушди устувори соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон» доир гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш, ки бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гузаронида шуд, намояндагони мақомоти расмии кишвар, сармоягузорону соҳибкорон, намояндагони ширкатҳои ватанию хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш оид ба тадбирҳои амалинамудаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ дар самти таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, хусусан оид ба беҳсозиии фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ, ислоҳоти куллӣ дар ин бахшҳо ибрози назар намуд.
Зикр шуд, ки зарфи солҳои соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар партави сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии мамлакат, инчунин дар ҷодаи таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, ташаккули соҳибкорӣ ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шуд, ки натиҷаҳои назаррас медиҳад.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ислоҳотҳои дар соҳаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ мавқеи байналмилалии Тоҷикистон устувор ва кишвари мо борҳо ба гирифтани ҷоизаҳои байналмилалӣ мушарраф гардид, ки бозгӯи нақши роҳбарикунанда ва барҷастаи Пешвои миллат дар самти соҳибкориу сармоягузорӣ дар мамлакат мебошад.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»













БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд






