Дар Душанбе вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои узви СҲШ доир шуд

Июль 15, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳадафи вохӯрӣ густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ, ба ин васила рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии имконоти сайёҳӣ арзёбӣ мегардад. Дар вохӯрӣ  намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии сайёҳӣ, Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоти сайёҳии Ҳиндустон, Қазоқистон, Покистон, Россия ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ роҳбарони мақомоти сайёҳии СҲШ масъалаҳои марбут ба  тақвияти ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ,  лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои муштарак доир ба татбиқи Барномаи рушди ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2022 – 2023,  масъалаҳои барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар шароити фарогири пандемияи COVID- 19-ро  баррасӣ намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ байни иштирокчиён ва коршиносони соҳа доир ба рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар кишварҳои СҲШ табодули назар сурат гирифта, масъалаҳои марбут  ба  густариши робитаи иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ ва ба ин васила муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Инчунин имрӯз дар доираи вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои СҲШ дар Душанбе Форуми  сайёҳии давлатҳои СҲШ  ва пагоҳ дар Боғи Ирам Фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои СҲШ гузаронида мешаванд.

Июль 15, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд