Дар Хатлон бо иштироки 8 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ санҷиши омодагии ҷангӣ доир гардид

Июль 22, 2021 09:25

ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар тибқи фармони Президенти Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят иброз намуд, ки “ба ҳимояи Ватан ва марзу буми он омода будани на танҳо ҷавонони синни даъватӣ, балки ҳар ҷавонмарди бонангу номуси кишвар нишонаи рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар яки мову шумост”.

Масуф зикр дошт, ки «танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ амният ва ободии Ватани худро таъмин созад. Барои таҳкими неруи мудофиавии кишвар, ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ мо на танҳо ба мутахассисони содиқи низомӣ, сарбозони бомаърифату соҳибфарҳанг, аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта ва аз сидқи дил хизмати ҳарбӣ ихтиёркарда, инчунин ҷавонмардони дар эҳтиёт қарордошта низ эҳтиёҷ дорем».

Ба фарзандони далеру ғаюри Ватан хотирнишон карда шуд, ки соҳибдавлат будан дар баробари унсурҳое, чун забони давлатӣ, таърихи пурифтихори бостонӣ ва арзишҳои неки фарҳангӣ аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибистиқлолии давлати миллӣ ва давлатдории навини мо, суботи сиёсии ҷомеа ва зиндагии осудаи мардум мебошад.

Таъкид гардид, ки амнияти давлат ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандони мамлакат аз сатҳи омодабошии ҷангии он вобастагии мустақим дорад.

Тавре ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22 июл, дар суханрониашон дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ таъкид доштанд, дар шароити бисёр ҳассос ва вазъи ниҳоят мураккабу ноустувори минтақа ва ҷаҳони имрӯза дар назди мо масъалаҳои бағоят муҳими амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қарор доранд.

Сарвари давлат хотирнишон намуданд, ки вазъи кишвари ҳамсояи мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, алалхусус, минтақаҳои шимолии он, ки бо кишвари мо ҳамсарҳад мебошанд, бениҳоят мушкилу номуайян боқӣ монда, авзои онҳо рӯз ба рӯз ва ҳатто соат ба соат мураккаб гардида истодааст.

Дар иртибот ба вазъи ноороми минтақа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон такроран таъкид намуданд, ки “мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем. Зеро ҳимояи амнияти давлат ва ҳифзи оромии ҷомеа барои мо вазифаи муқаддастарин, муҳимтарин ва афзалиятноктарин буда, мо ин корро бо кадом қимате, ки бошад, анҷом медиҳем!”.

Роҳбари давлат дастур доданд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ, яъне тамоми ҷузъу томҳои ҳарбӣ, инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар барои пешгирӣ кардан ва муқовимат ба таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ омодабошии ҷангии худро дар сатҳи баландтарин таъмин намоянд ва дар ин самт тадбирҳои иловагии фаврӣ ва қатъӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистони ҳамсоя бо вилояти Хатлон зиёда аз 420 км, ки асосан аз минтақаву мавзеъҳои мураккаб ва душворгузар иборат мебошад, сарҳад дорад. Вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, хусусан авзои Афғонистон оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар сарбозу афсар ва шаҳрванди дар эҳтиёт қарордоштаи бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намуда, барои ҳимояи он ҳамеша омода бошанд.

Тавре ки Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, «…сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон на танҳо барои кишвари мо, балки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчун минтақаи буферӣ мавқеи бисёр муҳим дорад».

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ дар роҳпаймоии ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар зикр кард, ки “вазифаи асосии ҳайати шахсии Минтақаи мудофиаи ҳудудии вилоят ва ноҳияҳои мудофиаи ҳудудӣ, пеш аз ҳама, гирифтани пеши роҳи душманони миллат ва гурӯҳҳои ҷинояткори ба ҳудуди вилоят воридшуда ба ҳисоб меравад. Ҳар яки шумо, чун сарҳадбонон дар сафи пеши ҳифзи сарҳади давлатӣ ва суботу оромии сокинони вилоят қарор доред ва бояд интизоми ҳарбиро ба таври қатъӣ риоя намуда, доим ҳушёру зирак бошед, нагузоред, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор фазои орому осудаи Ватан ва зиндагии осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистонро халалдор созанд”.

Машқҳои низомӣ дар сатҳи баланд гузаштанд. Ҳамзамон барои баланд бардоштани сатҳи касбият ва омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо боз ҳам кор кардан зарур аст.

Изҳори итминони комил шуд, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ, яъне марзбонони далеру шуҷои тоҷик минбаъд низ аз уҳдаи иҷрои вазифаи муқаддаси худ, яъне ҳифзи боэътимоди марзҳои кишварамон бо сарбаландӣ мебароянд.

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2021 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

4364 САДАМАҲОИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР 4 СОЛ. Чӣ тавр пеши роҳи ин ҳодисаҳои нохушро бигирем?
Тоҷикистон дар муборизаи муштарак ба муқобили ҷиноятҳои фаромиллӣ фаъолона иштирок мекунад
Дар Душанбе ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Дар Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони вилояти Суғд вохӯрӣ намуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар масъалаи буҳрони Афғонистон шарики муҳими Созмони Милали Муттаҳид мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Дар фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай масъалаҳои амнияти минтақавӣ аввалиндараҷа боқӣ мемонанд»
ЭҲТИЁТ — НИМИ ҲАЁТ. Дар фасли тобистон зарфҳои нигаҳдории гази моеъро дар ҷойи соя ва дур аз гармӣ гузоред
Дар Петербург масъалаи истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
МУҚОВИМАТ БА ИФРОТГАРОӢ. Дар ин мавзуъ дар Душанбе конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии ҳуқуқӣ дар Санкт-Петербург иштирок намуданд