Дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Кӯлоб мактаби замонавӣ ба истифода дода мешавад
КӮЛОБ, 05.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи 20-уми шахри Кӯлоб мактаб барои 624 хонанда сохта ба истифода дода мешавад, ки маблағи умумии он 20 миллиону 158 ҳазору 580 сомониро дар бар мегирад. Айни ҳол корҳои сохтмонии бинои мактаби мазкур ба 92% расонида шудааст.
Директори Маркази ҳамоҳангсози лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ дар шаҳри Кӯлоб Нурулло Назарзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки фармоишгари иншооти мазкур Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ буда, аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад. Лоиҳакаш ҶСК «Шарофар» буда, пудратчии иншоот ҶДММ «Назри-И» мебошад.
Манбаъ афзуд, ки сохтмони марҳилаи дуюми иншооти мазкур соли 2020 оғоз гардида, дар он сохтмони 1 толори маҷлисгоҳ, 1 толори варзишӣ, 1 ошхона, утоқи дузандагӣ ва пазандагӣ барои духтарон ва утоқи дуредгарӣ барои писарон, утоқи муовини директор ва ду утоқ барои либосивазкунии хонандагон ба итмом расидааст. Айни ҳол дар иншоот корҳои рангу бори дохили бино ва кашидани хатҳои обу гармидиҳӣ иҷро карда шудааст ва дар ин ишоот аз ҳисоби кормандони маҳаллӣ 15 нафар кор ҷалб гардидаанд.
Марҳилаи дуюми иншоот дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад. Гуфта шуд, ки аз ҷониби Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ дар шаҳри Кӯлоб иншооти 9 ошёнаи 36 ҳуҷрадор ба маблағи 16 миллиону 500 ҳазор сомонӣ дар арафаи анҷомёбӣ буда, дар оянда барқарор намудани девор ва дарвозаи қалъаи Ҳулбук, сохтмони муассисаи томактабии замонавӣ дар Ҷамоати деҳоти Зарбдор деҳаи Зарбдор, барқароркунии қалъаи бостонии Кӯлоб, сохтмони муассисаи томактабии замонавӣ дар шаҳри Кӯлоб ва сохтмони девори гирди қалъаи Кӯлоб ва азнавсозии чашмаҳо дар назар дошта шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






