Дар Норак аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ 3 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд
НОРАК, 22.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон дар шаҳри Норак аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ 3 адад коргоҳи истеҳсолӣ, аз қабили тайёр намудани дарвозаҳои оҳанин, коргоҳи истеҳсоли орд ва фермаи парандапарварӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки дар онҳо 12 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Ҳамчунин давоми соли 2021 аз тарафи соҳибкорони шаҳр 4 адад корхонаю коргоҳҳои истеҳсоли қуму шағал, шпатлёвка, ротбанд, рангҳои гуногун, гипсокартон, семент ва хишти пухта ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Норак иттилоъ дода шуд.
Зимни нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд ҷиҳати барқарор намудани 5 адад муассисаҳои томактабии кӯҳнаю бекорхобидаи шаҳр ва ҷалби зиёда аз 460 нафар кӯдакони дар навбат истода ба кӯдакистонҳо раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода посух дод, ки «тибқи нақшаи таҳияшуда то охири сол кӯдакистони маҳаллаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти Пули Сангин барои 150 нафар кӯдак ба истифода дода мешавад. Барқарор намудани кӯдакистони рақами 1 дар маҳаллаи Лангар ба нақша гирифта шудааст ва дар сурати пайдо гардидани имконияти молиявӣ давра ба давра кӯдакистонҳои боқимондаи бекорхобидаро пурра барқарор намуда, мушкили нарасидани муассисаҳои томактабиро бартараф месозем».








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






