Дар рӯзи иди Қурбон дар Тоҷикистон ҳаво чӣ гуна мешавад?
ДУШАНБЕ, 18.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирбанда шуда, ҳарорати ҳаво то 38+43 дараҷа мерасад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, 18-21 июли соли равон дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як сония вазида, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.
18-19 июл дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як соня вазида, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чангу ғубор ба амал меояд.
Инчунин аз 16 то 19 июл дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






