Дар шаш моҳ дар Тоҷикистон 299 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуд

Июль 23, 2021 14:38

ДУШАНБЕ, 23.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 299 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ин ҳисоб 38 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарар расонида, инчунин бар асари офатҳои табиӣ дар ин шаш моҳ 22 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расидаанд. Аз инҳо 8 нафар дар селҳо, 7 нафар дар лағзиши тарма, 5 нафар дар ярч ва 2 нафари дигар аз сангрезиш ҷон бохтаанд.

Дар ин бора имрӯз, 23 июл зимни нишасти матбуотӣ муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Имомалӣ Иброҳимзода иттилоъ дод.

Мавсуф иброз намуд, ки бар асари ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ 337 хонаи истиқоматӣ- 140 хона пурра, 197 хона қисман, 8 бинои мактаби таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, 3492,114 гектар майдони кишт, 42 пул ва 212,87 км роҳи мошингард осеб дидаанд. Ба хонаводаҳои зарардида кумакҳо, аз ҷумла маводи сохтмон, маводи ғизоӣ ва бастаҳои беҳдоштӣ сари вақт расонида шуданд.

Имомалӣ Иброҳимзода зикр намуд, ки ҳарчанд кормандони Кумитаи мазкур дар махзанҳои обу соҳили рӯдхонаҳо пайваста корҳои таблиғотӣ мебаранд, варақаҳо ва китобчаҳои муфиду зарурӣ тақсим мекунанд, аз тариқи матбуот ва радиову телевизион баромад карда, ба одамон дар ҷойҳои манъшуда оббозӣ накарданро фаҳмонанд ҳам,  ҳамоно дар обҳо одамон ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасанд. Дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар давраи ҳисоботӣ дар оби дарёву кӯлҳо ва каналҳо 69 нафар  (соли 2020-34 тан) ғарқ шуда, ҷон бохтаанд. Нуҳ нафари онҳо то 4-сола, ёздаҳ нафар аз 5 то 10-сола, ҳабдаҳ нафар аз 11 то 16-сола, ҳабдаҳ нафари дигар аз 17 то 35-сола ва 15 тан аз 35-сола боло умр доштанд.

Дар ҷараёни нишаст иброз гардид, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумита ташкил ва баргузории корҳои садамаву наҷот аст. Дар нимсолаи гузашта наҷотдиҳандагони Кумита дар бартарафсозии пайомадҳои ҳолатҳои табиӣ, техникӣ ва техногенӣ ширкат намуда, ҳамчунин корҳои зиёди садамавиву наҷотро анҷом доданд. Наҷотдиҳандагон дар шаш моҳи соли равон 383 амалиёти фаврӣ анҷом додаву ҷони 183 нафарро аз хатар наҷот доданд.

Июль 23, 2021 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд