Дар таътили тобистона хонандагони вилояти Суғд ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб шуданд
ДУШАНБЕ, 24.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар таътили тобистона 43233 нафар хонандагонро ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуданд, ки ин омор нисбат ба солҳои қабл як маротиба зиёд мебошад. Дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 28 муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ амал намуда, дар муассисаҳои мазкур наздик 650 нафар роҳбарони маҳфил фаъолият доранд.
Роҳбари Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки баҳри самаранок истифода намудани вақти холигии кӯдакон ва наврасон, рушди тафаккури техникӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, пешгирӣ аз ҷинояту ҷиноятсодиркунӣ, пур кардани фазои холии хонандагон дар давраи таътили тобистона як зумра омӯзишҳо ба роҳ монда шудааст.
Мавсуф зикр намуд, ки кӯдакон ва наврасон асосан ба маҳфилҳои равияи техникӣ: автомоделӣ, авиамоделӣ, ихтироъкорӣ, навоварӣ, ибтидои эҷодиёти техникӣ, техникони наврас, робототехникӣ, заргарӣ, сангтарошӣ, равияи ҳунарҳои мардумӣ: аз ҷумла сӯзанидӯзӣ, бофандагӣ, тарроҳӣ, дӯзандагӣ, қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, қурокдӯзӣ, гулдӯзӣ, маҳфилҳои фаннӣ: омӯзиши забони русӣ, англисӣ, чинӣ, олмонӣ, махфилхои фаннӣ: химия, технологияи иттилоотӣ, физика, риёзӣ, маҳфилҳои равияи табиатдӯстон: гулпарварони ҷавон, экологони наврас, биологони ҷавон, маҳфилҳои равияи сайёҳӣ ва кишваршиносӣ: бостоншиносони ҷавон, сайёҳони ҷавон, фаъолони осорхона, маҳфилҳои равияи корҳои илмӣ эҷодӣ: аз ҷумла академияи хурди илмҳо, китобхони беҳтарин, суханварони ҷавон, суруди якка, рақс, овозхонӣ, гитаранавозӣ, асбобҳои мусиқӣ, қаннодӣ, кулолгарӣ ва рассомӣ ҷалб мегарданд.
Дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд фаъолият дар асоси нақша чорабинии давраи таътили тобистона ба роҳ монда шуда, он аз 30 банд иборат мебошад.
Ҳамчунин дар асоси нақшаи чорабинӣ баргузории 4 озмуни вилоятӣ, нишастҳои илмӣ, чорабиниҳои варзишӣ, озмунҳои гуногуни шавқовар, намоиши филмҳои тарбиявӣ ахлоқӣ ва дастовардҳои Истиқлолият, бозиҳои дидактикӣ, дидору мулоқотҳо бо шоирону нависандагон ва ашхоси барӯманд, ҷаласаҳо дар мавзуъҳои мубрами рӯз, сайёҳатҳо ба макону мавзеъҳои таърихӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар навбати худ дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд фаъолияти 29 маҳфил бо фарогирии беш аз 1,5 ҳазор нафар кӯдакон ва наврасон ба роҳ монда шуда, тамоми маҳфилҳо ройгон амал менамоянд.
Бояд гуфт, ки фаъолияти маҳфилҳо тибқи ҷадвали таҳиягардида ба роҳ монда шуда, қабул ба маҳфилҳо тибқи аризаи волидайн ба роҳ монда мешавад.
Бобати самаранок истифода намудани давраи таътили тобистона аз тамоми имконоти мавҷуда истифода гардида, ҳамзамон ҷиҳати ҳавасмандгардонии кӯдакон ва наврасон озмунҳои гуногун пайваста ташкил ва ғолибону иштирокчиён бо «Диплом»-у «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мегарданд.








Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст






