Дар Тоҷикистон 15 кабинети адвокатӣ ба қайд гирифта шудааст

Июль 12, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 12.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли  равон дар ҷумҳурӣ 15 кабинети адвокатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 9 адад ба шаҳри Душанбе ва 6 адад ба вилояти  Суғд рост  меояд. Дар ин хусус  Вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашӯриён 12 июл зимни нишасти матбуотӣ ба расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.

Вазир зикр намуд, ки кабинетҳои адвокатӣ  дар асоси моддаҳои 18 ва 25 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба қайд гирифта шудаанд. Аз соли 2015 то инҷониб дар мамлакат  247 кабинети адвокатӣ, 23 маслиҳатхонаҳои ҳуқуқӣ, 18 коллегияи адвокатӣ  ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо  807 адвокат фаъолият менамоянд. Инчунин  ду кабинети  адвокатӣ барҳам дода шудааст.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Вазорати адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён афзуд, ки имсол фаъолияти Вазорати адлияи мамлакат ба ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ равона гардид. Дар ин давра ба вазорат ва сохторҳои он 27 ҳазору 887 мавод вобаста ба масъалаҳои  ҳуқуқӣ ворид гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  13 ҳазору  539 мавод зиёд  мебошад. Ҳамзамон Вазорати адлияи ҷумҳурӣ  дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба 1944 лоиҳаи санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ ва 1 759 ҳуҷҷати дорои хусусияти ҳуқуқии байналмилалӣ хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод намудааст.

 

Июль 12, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад