Дар Тоҷикистон 15 кабинети адвокатӣ ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 12.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар ҷумҳурӣ 15 кабинети адвокатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 9 адад ба шаҳри Душанбе ва 6 адад ба вилояти Суғд рост меояд. Дар ин хусус Вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашӯриён 12 июл зимни нишасти матбуотӣ ба расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.
Вазир зикр намуд, ки кабинетҳои адвокатӣ дар асоси моддаҳои 18 ва 25 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба қайд гирифта шудаанд. Аз соли 2015 то инҷониб дар мамлакат 247 кабинети адвокатӣ, 23 маслиҳатхонаҳои ҳуқуқӣ, 18 коллегияи адвокатӣ ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо 807 адвокат фаъолият менамоянд. Инчунин ду кабинети адвокатӣ барҳам дода шудааст.
Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Вазорати адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён афзуд, ки имсол фаъолияти Вазорати адлияи мамлакат ба ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ равона гардид. Дар ин давра ба вазорат ва сохторҳои он 27 ҳазору 887 мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазору 539 мавод зиёд мебошад. Ҳамзамон Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба 1944 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 1 759 ҳуҷҷати дорои хусусияти ҳуқуқии байналмилалӣ хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод намудааст.








Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд






