Тӯли шаш моҳ неруи барқ нисбат ба соли 2020 камтар истеҳсол шудааст
ДУШАНБЕ, 30.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ 7 млрд. 588,4 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 дар ҳаҷми 401,2 млн. кВт. соат кам мебошад. Ин нуктаро 29 июл зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Маҳмадумар Асозода иброз намуда, сабаби кам гардидани истеҳсоли неруи барқро дар неругоҳҳои барқи обӣ ба маҳдуд гардидани захираҳои обӣ-энергетикӣ аз ҳисоби кам шудани резиши об дар маҷрои дарёи Вахш рабт дод.
«Бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ дар шашмоҳаи якуми соли равон ширкати «Барқи Тоҷик» дар ҳаҷми 2 млрд. 378,7 млн. кВт. соат неруи барқро ба маблағи умумии 887,5 млн. сомонӣ харидорӣ намуд. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 хариди неруи барқ дар ҳаҷми 235,6 млн.кВт.соат ё ба маблағи 223,6 млн.сомонӣ зиёд гардидааст»,- иброз дошт М. Асозода.
Ба зикри Маҳмадумар Асозода, ҳаҷми содироти неруи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар ба 914,9 млн.кВт.соат баробар шуда, неруи барқ асосан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳаҷми 457,9 млн.кВт.соат ба маблағи 20,1 млн. доллари ИМА ва ба Ҷумҳурии Узбекистон дар ҳаҷми 448,2 млн.кВт.соат ба маблағи 8,9 млн. доллари ИМА содирот шудааст.








Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд






