Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи маъюбон 250 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд
ДУШАНБЕ, 08.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи маъюбон бо қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои аёдати 700 нафар маъюбони гуруҳи 1-2 ва 300 нафар маъюбони то синни 18-сола 250 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамзамон ба бошандагони муассисаҳои иҷтимоии Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва Деваштич ба маблағи 18 000 сомонӣ туҳфаҳои идона супорида хоҳад шуд.
Ҳамчунин имрӯз Раиси вилояти Суғд ба Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд омада, бошандагони муассисаи иҷтимоиро аёдат намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 8 июл Рӯзи маъюбон ва пиронсолон таҷлил гардида, ба ин муносибат аз тарафи давлату Ҳукумат ба қишри ниёзманди ҷомеа кӯмакҳо расонида мешавад. Ҳоло дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои дастгирии ин қишри ҷомеа пайваста кӯмакпулиҳо тақдим мегардад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






