Дастаи мунтахаби духтарони навраси Тоҷикистон бар дастаи миллии Афғонистон бо ҳисоби 5: 2 пирӯз шуд

Июль 7, 2021 10:17

ДУШАНБЕ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар даври дуюми чемпионати CAFA-2021 дастаи мунтахаби духтарони навраси Тоҷикистон (U-17) бар дастаи миллии Афғонистон бо ҳисоби 5: 2 пирӯз шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби духтарони навраси то 17-солаи Тоҷикистон – «U-17» таҳти роҳбарии сармураббӣ Изатулло Исҳоқов аввалин пирӯзиро дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе ҷараён дорад, ба даст овард.

Ғолиби чемпионати футболи Осиёи Марказӣ дар байни дастаҳои хурди Осиё то 17 сол рӯзи чоршанбе, 7 июли соли равон баргузор мегардад.

Дар даври сеюм соати 18:00, футболбозони Ӯзбекистон бо Афғонистон ва  Тоҷикистон бо Эрон соати 20:45 бозӣ  анҷом медиҳанд.

АКС аз ФФТ

Июль 7, 2021 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид
Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) 12 медал ба даст овард
«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026. Дастаҳои «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд