Дастаи мунтахаби духтарони навраси Тоҷикистон (U-17) чемпионати CAFA-2021-ро бо мусовӣ оғоз кард
ДУШАНБЕ, 05.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии ифтитоҳии худ дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дастаи мунтахаби духтарони навраси Тоҷикистон (U-17) бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон бозиро мусовӣ кард — 1: 1. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозигари дастаи мунтахаби Ӯзбекистон Лайло Рустуллоева дар дақиқаи 45-ум ҳисоби бозиро кушод. Дар охири вохӯрӣ пас аз партоби тӯби кунҷӣ нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Умеда Ҷалилова ҳисобро баробар кард — 1: 1.
Дар қувваозмоии дигари даври аввали мусобиқоти CAFA-2021 дастаи мунтахаби Эрон ба дарвозаи дастаи мунтахаби Афғонистон 6 голи беҷавоб зад.
Бозиҳои даври дуюми мусобиқоти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ рӯзи душанбе, 5 июл баргузор мешаванд. Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Эрон ва Ӯзбекистон соати 18:00 оғоз мешавад, дастаҳои Тоҷикистон ва Афғонистон соати 20:45 рақобат хоҳанд кард.
Мавриди зикр аст, ки мусобиқоти CAFA-2021 байни духтарони то 17-сола бо усули мудаввар дар як давр баргузор мешаванд. Дастаи ғолиб аз рӯи миқдори бештари холҳои бадастоварда муайян карда мешавад.
Мусобиқоти CAFA-2021 байни духтарони то 17 сола
Даври 1-ум
Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН 1:1
Голҳо: Лайло Рустуллоева, 45 (1:0). Умеда Ҷалилова, 80+1 (1:1).
Эрон – Афғонистон 6:0
Голҳо: Зулфӣ Муҳаддисеҳ, 9 (1:0). Ғазал Муршединекном, 13 (2:0). Нозанинзаҳро Мансуралворис, 17 (3:0). Диана Нарӯзӣ, 34 (4:0). Зулфӣ Муҳаддисеҳ, 74 (5:0). Севиндҷ Сулаймонӣ, 80+5 (6:0).
Б Б М Б Т Х
1 Эрон 1 1 0 0 6-0 3
2 ТОҶИКИСТОН 1 0 1 0 1-1 1
3 Ӯзбекистон 1 0 1 0 1-1 1
4 Афғонистон 1 0 0 1 0-6 0
Тақвими бозиҳои боқимонда:
Даври 2-ум
5 июл (душанбе)
18:00 Эрон – Ӯзбекистон
20:45 ТОҶИКИСТОН – Афғонистон
Даври 3-ум
7 июл (чаҳоршанбе)
18:00 Ӯзбекистон – Афғонистон
20:45 ТОҶИКИСТОН – Эрон
АКС: ФФТ








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






