Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои иштирок дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ба Токио сафар намуд

Июль 19, 2021 11:00

 ДУШАНБЕ, 19.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон  барои иштирок дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио- 2020  ба Япония сафар намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бозиҳои олимпии  Токио- 2020  10 нафар варзишгар-  дзюдочиён: Сомон Маҳмадбеков (вазни то -73 кг), Акмал Муродов (то -81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то -90 кг), Темур Раҳимов (то + 100 кг), муштзанҳо: Баҳодур Усмонов (то -63 кг), Шаббос Негматуллоев (то -81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (зиёда аз -91 кг); риштаи варзиши сабук: Илдар Аҳмадиев (давидан ба масофаи 100 м), шиноварон: Олимҷон Эшонов (тарзи озод, 50 м) ва Анастасия Тюрина (тарзи озод, 50 м) намояндагӣ мекунанд. Гулсумбӣ Шарифова бо сабаби  ҷароҳат бардоштан дар олимпиада иштирок карда наметавонад.

Зимни  сафар варзишгаронро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Дилшод Назаров  гусел намуда,  ба онҳо комёбиҳо таманно намуд.

Олимпиадаи Токио-2020 аз 23 июл  оғоз шуда, то  8  август идома меёбад. Дар назар аст, ки дар  олимпиадаи мазкур 11 ҳазор нафар варзишгарон ширкат варзида, барои 339 ҷоиза миёни ҳам қувва озмоянд.


Парчамбардори дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио  Темур Раҳимов мебошад. Бо назардошти варзишгарон шумори ҳайати  дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз 23 нафар иборат аст.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ҳар чаҳор сол доир мегарданд. Бояд Бозиҳои олимпии Токио-2020 соли гузашта барпо мегардиданд, вале  бо сабаби авҷи бемории коронавирус дар ҷаҳон ба соли 2021 гузошта шуданд.

Июль 19, 2021 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд