Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба шаҳри Бангкоки Тайланд сафар намуд
ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов барои иштирок дар Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021», ки аз 25 то 30 июл баргузор мешавад, ба шаҳри Бангкоки Тайланд сафар кард. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон якҷоя бо 14 бозингар ба Тайланд рафт. Хотиррасон мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби Миср (25 июл), Эрон (26 июл) ва Литва (27 июл) бозӣ мекунад. Дар гурӯҳи А дастаҳои мунтахаби Таиланд, Ӯзбекистон, Косово ва Мозамбик рақобат мекунанд. Тибқи дастури мусобиқаи «Continental Futsal Championship 2021», аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ, ду даста ба даври нимниҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки ба даври ½-ниҳоӣ роҳ ёфта наметавонанд, дар бозиҳои такрорӣ барои ҷойҳои 5-8 бозӣ мекунанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи «Continental Futsal Championship 2021»:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Нуриддин Ҷабборов;
Бозингарон: Некрӯз Алимаҳмадов, Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, Муҳаммадҷон Шарифов, Муҳаммад Раҷабов, Фаридун Неъматов, Дилшод Саломов, Рустам Ҳамидов, Умед Кузиев, Иқбол Воситзода, Бахтиёр Солиев «.
Сармураббӣ — Пайрав Воҳидов.








Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод






