Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба шаҳри Бангкоки Тайланд сафар намуд

Июль 22, 2021 08:45

ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов барои иштирок дар Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021», ки аз 25 то 30 июл баргузор мешавад, ба шаҳри  Бангкоки Тайланд сафар кард. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон якҷоя бо   14 бозингар ба Тайланд рафт. Хотиррасон мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби  Миср (25 июл), Эрон (26 июл) ва Литва (27 июл) бозӣ мекунад.  Дар гурӯҳи А дастаҳои мунтахаби  Таиланд, Ӯзбекистон, Косово ва Мозамбик рақобат мекунанд. Тибқи дастури мусобиқаи «Continental Futsal Championship 2021», аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ, ду даста ба даври нимниҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки ба даври ½-ниҳоӣ роҳ ёфта наметавонанд, дар бозиҳои такрорӣ барои ҷойҳои 5-8 бозӣ мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи «Continental Futsal Championship 2021»:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Нуриддин Ҷабборов;

Бозингарон: Некрӯз Алимаҳмадов, Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, Муҳаммадҷон Шарифов, Муҳаммад Раҷабов, Фаридун Неъматов, Дилшод Саломов, Рустам Ҳамидов, Умед Кузиев, Иқбол Воситзода, Бахтиёр Солиев «.

Сармураббӣ — Пайрав Воҳидов.

Июль 22, 2021 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
Байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ширкати «361»-и Чин созишнома ба имзо расид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар бозии санҷишӣ тими миллии Чинро бо ҳисоби калон мағлуб намуд
ҶУДО. Чемпионати ҷаҳон-2024 дар Абузабӣ баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Тайиланд бозӣ менамояд
Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии Гран – Слам оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад