Экологҳои Суғд ба сокини деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара манзили истиқоматӣ бунёд намуданд

Июль 8, 2021 10:24

ДУШАНБЕ, 08.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раёсати ҳифзи муҳити зисти  вилояти Суғд ба сокини деҳаи Чоркӯҳи   маҳаллаи Сомониёни  шаҳри Исфара манзили истиқоматӣ бунёд намуд.

Дар ин хусус Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Манзили истиқоматӣ барои як оила, аз ду хона ва долон иборат буда, дар муддати кутоҳ бунёд гардида, бо тамоми ҷиҳози зарурии рӯзгор, аз қабили табақу коса, мошинаи ҷомашӯӣ, яхдону телевизор, тафдон, дарзмол, қолину парда  ва дигар ашёҳои хоҷагидорӣ таъмин гардидааст.

Сокини деҳаи Чоркӯҳ аз таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ намуд.

Акс аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ

Июль 8, 2021 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад