ФУТБОЛ. Шаҳром Самиев ба дастаи «Торпедо-БелАЗ»-и Беларус гузашт
ДУШАНБЕ, 03.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Шаҳром Самиев бо дастаи «Торпедо-БелАЗ»-и шаҳри Жодинои Ҷумҳурии Беларус шартнома имзо кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Шаҳром Самиев аз дастаи «Динамо-Авто», ки дар он ҷо ҳамчун бозигари иҷора бозӣ мекард, ба «Торпедо-БелАЗ» гузашт.
Дар мавсими 2020/21, Самиев дар ҳайати «Динамо-Авто» дар Дивизиони миллии Молдова 19 бозӣ гузаронида, 7 гол задааст.
Вақтҳои гуногун ӯ дар дастаҳо, ба монанди «Барқчӣ», «Данғара» ва «Истиқлол» бозӣ кардааст. Дар ҳайати даста мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Шаҳром Самиев 10 бозӣ гузаронида, 4 гол задааст.
АКС аз ФФТ








Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд






