Захираи маҳсулоти кишоварзӣ барои солҳои 2021-2022 аз нимаи моҳи сентябр оғоз мешавад

Июль 21, 2021 15:50

ДУШАНБЕ, 21.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барои зимистони солҳои 2020-2021 пиёз ба миқдори 1315 тонна, картошка 785 тонна ва сабзӣ 146 тонна захира гардида буд. Айни замон барои зимистони солҳои 2021-2022 дар анбор ва сардхонаҳо корҳои омодакунӣ  ҷараён дошта, аз нимаи моҳи сентябри соли равон то охири моҳи моҳи ноябр захираи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал анҷом дода мешавад. Дар ин бора имрӯз  зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Хуршед Раҳмонализода ба хабарнигорон иттилоъ  дод.

Мавсуф иброз дошт, ки айни замон ҷамъияти «Тоҷикматлубот» бо истифода аз  мошинҳои сайёр ярмаркаҳо ташкил намуда, ба сокинони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод менамояд.

«Дар соҳаи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара 52 адад анбор ва 3 адад сардхонаҳо фаъолият менамоянд»,-зикр намуд Хуршед Раҳмонализода.

Ҳамчунин зикр гардид, ки даромади умумии ҷамъият ба 56,2 млн сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020  13,5 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Июль 21, 2021 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст