Имрӯз гурӯҳи дуюми ҳайати олимпии Тоҷикистон ба Токио сафар кард
ДУШАНБЕ, 26.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 26 июл гурӯҳи дуюми ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон — варзишгарону мураббиёни намудҳои варзиши сабук ва шиноварӣ ба шаҳри Токиои Ҷопон сафар карданд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар намуди варзиши сабук Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев (мураббӣ Ғайрат Неъматов) ва дар намуди шиноварӣ Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (мураббӣ Муҳаммад Табаров) намояндагӣ мекунанд. Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр миёни мардҳо 31 июл сабқат мекунад. Финали ин масофа 1 август ба нақша гирифта шудааст.
Хотиррасон мешавем, ки Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов 30 июл дар мусобиқаи шиноварӣ ба масофаи 50 метр, тарзи озод ҳунарнамоӣ мекунанд. Нимфинали ин масофа 31 июл, финал 1 август баргузор мешавад.








БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд






