Имрӯз гурӯҳи дуюми ҳайати олимпии Тоҷикистон ба Токио сафар кард

Июль 26, 2021 10:38

ДУШАНБЕ, 26.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 26 июл гурӯҳи дуюми ҳайати дастаи мунтахаби  олимпии Тоҷикистон — варзишгарону мураббиёни намудҳои варзиши сабук ва шиноварӣ ба  шаҳри Токиои Ҷопон  сафар карданд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар намуди варзиши сабук Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев (мураббӣ Ғайрат Неъматов) ва дар намуди шиноварӣ Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (мураббӣ Муҳаммад Табаров) намояндагӣ мекунанд. Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр миёни мардҳо 31 июл сабқат мекунад. Финали ин масофа 1  август ба нақша гирифта шудааст.

Хотиррасон мешавем, ки Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов  30 июл дар мусобиқаи шиноварӣ ба масофаи 50 метр, тарзи озод ҳунарнамоӣ мекунанд. Нимфинали ин масофа 31 июл, финал 1  август баргузор    мешавад.

Июль 26, 2021 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд