Лоиҳаи Изҳороти сарони кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи амнияти биологӣ таҳия мешавад

Июль 28, 2021 14:28

ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкориро дар соҳаи амнияти биологӣ тақвият медиҳанд. Бо ин мақсад дар ИДМ лоиҳаҳои Изҳороти сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти биологӣ ва Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ оид ба таҳкими Конвенсия дар бораи манъи силоҳҳои биологӣ ва заҳрдор (токсинӣ) таҳия мешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

 Ҳуҷҷатҳо қаблан дар ҷаласаҳои гурӯҳҳои коршиносон баррасӣ карда шуданд. Дар муҳокимаи онҳо намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат варзиданд.

Қабули ҳуҷҷатҳо имкон медиҳад, ки некӯаҳволии санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ҳифзи саломатӣ аз таъсири омилҳои хатарноки биологӣ, инчунин назорати хатарҳои биологӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар кишварҳои ИДМ мебошад, таъмин карда шавад.

Конвенсия дар бораи манъи таҳия, истеҳсол ва захираи силоҳи бактериологӣ (биологӣ) ва токсин ва нобудсозии онҳо аз ҷониби иҷлосияи 26-уми Ассамблеяи Генералии СММ 16 декабри соли 1971 тасдиқ карда шуда, 26 марти соли 1975 эътибор пайдо кард.

Он бемуҳлат амал мекунад ва унсури муҳими системаи амнияти байналмилалӣ маҳсуб мешавад. Дар муқаддимаи Конвенсия иштирокдорони он азми худро барои расидан ба дастовардҳои самаранок дар самти яроқпартоии умумӣ ва пурра, аз ҷумла манъ ва нест кардани ҳама намудҳои силоҳи қатли ом изҳор доштаанд.

 

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2021 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд