Мақолаи Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҷаллаи «World Tourism Cities» ба нашр расид

Июль 27, 2021 11:05

ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин  маҷаллаи маъруфи “World Tourism Cities”-и Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF) қисмати асосии шумораи навбатии худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пойтахти зебои он — шаҳри Душанбе бахшидааст. Маҷалла бо мақолаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғоз ёфта, дар он сухан дар бораи дастовардҳои беназири пойтахт дар ҷодаи ободонӣ, рушди робитаҳои судманди ҳамкорӣ ва бародаршаҳрӣ бо шаҳрҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла узвияти шаҳри Душанбе дар Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF) меравад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  маҷаллаи  мазкур дар ҳошияи се ҷанбаи асосӣ: 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; кишвари дорои имкониятҳои фарогир дар соҳаи сайёҳӣ будани Ватани мо ва давраи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 20-солагии таъсисёбии Созмон рост меояд, роҷеъ ба кишвари мо маводи хонданбоб бо забонҳои чинӣ ва англисӣ ба табъ расонидааст.

Дар маҷалла ҳамчунин мақолаи Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода оид ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишварамон бо аксу мусаввараҳои табиати нодири Тоҷикистон  ва бозгӯяндаи дастовардҳои шаҳрдорӣ оид ба ободу зебо намудани пойтахти Ватанамон — шаҳри Душанбе нашр шудааст.

Дар мусоҳиба бо маҷалла Муовини Сафири Тоҷикистон дар Чин, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай Муҳаммад Эгамзод роҷеъ ба омодагии шаҳри Душанбе ба истиқбол, пазироӣ ва баргузор намудани Саммити ҷашнии сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки қарор аст 16-17 сентябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон доир гардад, изҳори назар намудааст.

Ёдовар мешавем,  ки маҷаллаи маъруфи “World Tourism Cities” бо забонҳои чинӣ ва англисӣ нашр шуда, дар зиёда аз 130 шаҳри сайёҳии 75 кишвари ҷаҳон паҳн мегардад.

Июль 27, 2021 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд