Мақолаи Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҷаллаи «World Tourism Cities» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин маҷаллаи маъруфи “World Tourism Cities”-и Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF) қисмати асосии шумораи навбатии худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пойтахти зебои он — шаҳри Душанбе бахшидааст. Маҷалла бо мақолаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғоз ёфта, дар он сухан дар бораи дастовардҳои беназири пойтахт дар ҷодаи ободонӣ, рушди робитаҳои судманди ҳамкорӣ ва бародаршаҳрӣ бо шаҳрҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла узвияти шаҳри Душанбе дар Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF) меравад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маҷаллаи мазкур дар ҳошияи се ҷанбаи асосӣ: 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; кишвари дорои имкониятҳои фарогир дар соҳаи сайёҳӣ будани Ватани мо ва давраи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 20-солагии таъсисёбии Созмон рост меояд, роҷеъ ба кишвари мо маводи хонданбоб бо забонҳои чинӣ ва англисӣ ба табъ расонидааст.
Дар маҷалла ҳамчунин мақолаи Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода оид ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишварамон бо аксу мусаввараҳои табиати нодири Тоҷикистон ва бозгӯяндаи дастовардҳои шаҳрдорӣ оид ба ободу зебо намудани пойтахти Ватанамон — шаҳри Душанбе нашр шудааст.
Дар мусоҳиба бо маҷалла Муовини Сафири Тоҷикистон дар Чин, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай Муҳаммад Эгамзод роҷеъ ба омодагии шаҳри Душанбе ба истиқбол, пазироӣ ва баргузор намудани Саммити ҷашнии сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки қарор аст 16-17 сентябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон доир гардад, изҳори назар намудааст.
Ёдовар мешавем, ки маҷаллаи маъруфи “World Tourism Cities” бо забонҳои чинӣ ва англисӣ нашр шуда, дар зиёда аз 130 шаҳри сайёҳии 75 кишвари ҷаҳон паҳн мегардад.













Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд






