Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад

Июль 14, 2021 13:22

ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13 июли соли 2021, соати 16:00 дақиқа ба вақти маҳаллӣ 77 нафар, аз ҷумла 26 мард, 20 зан ва 31 хурдсол шаҳрвандони мулкии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки асосан  сокинони қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшони кишвари мазкур мебошанд, аз тарси таъқиби Толибон ва барои ҳифзи ҷони худ хати сарҳади давлатиро дар минтақаи ҷамоати деҳоти Кизил-Работи ноҳияи Мурғоб убур  намуда, вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад.

Сарҳадбонони тоҷик бо назардошти робитаи неки инсондустӣ ба гурезагони иҷбории афғон барои вуруд ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд.

Айни замон гурезагони афғон дар мавзеъҳои Андемин ва Чештебаи ҷамаоати деҳоти Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб қарор доранд. Онҳо чорвои хонагии худро, аз ҷумла 1000 сар чорвои майдаи шохдор, 300 сар қутос, 3 сар шутур ва 30 сар аспро бо худ овардаанд.

Ҳамчунин имрӯз, 14 июл соати 14:05, 51 нафари дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тавассути минтақаи ҷамоати деҳоти Кизил-Работи ноҳияи Мурғоб сарҳади давлатиро убур карда, ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд.

Вазъият дар минтақаи зикршудаи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.

(Хабар такмил ёфт (14:30 бо вақти Душанбе) — матн васеъ карда шуд).

Июль 14, 2021 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид