Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Душанбе ба истифода дода мешавад

Июль 5, 2021 16:16

ДУШАНБЕ, 05.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр семент» дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-ро барои 1280 ҷой месозад. Лоиҳаи мактаби мазкур аз ҷониби КФ КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Душанбе таҳия гардида, корҳои сохтмонии муассисаи мазкур дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Тавре аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имсол дар  пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкорон бунёди  7 муассисаи таълимӣ  барои 6832 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.

Тибқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаҳои муассисаҳои таълимии мазкур  таҳия гардида, дар минтақаҳои аҳолинишини пойтахт, ки  ба чунин таълимгоҳҳо  ниёз доранд аз ҷониби ширкатҳои ташаббускору саховатпеша сохта ба истифода дода мешаванд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон бо  соҳибкорони мамлакат таъкид намуданд, ки «Мактаб ҳамчун даргоҳи муқаддас барои ташаккули шахсият дар ҷомеа ва мавқеи устувор пайдо кардани ӯ нақши асосиву ҳалкунанда дорад.Фаромӯш набояд кард, ки ҳар шахс ба ҳар мақому мартабае, ки расида бошад, донишҳои аввалинро аз мактаб ва омӯзгор гирифтааст. Илова ба корҳое, ки давлат дар  самти рушди соҳаи маориф то имрӯз анҷом додааст, ман борҳо шахсонеро, ки шароити хуби молиявӣ доранд, даъват кардам, ки дар зодгоҳи худ муассисаи таълимие бунёд намоянд ё аз рӯи имконият барои таъмири мактабе, ки дар он таҳсил кардаанд, кумаку мусоидати худро дареғ надоранд».

АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе лоиҳаҳои  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии   соли 2021 аз ҷониби соҳибкорон дар пойтахт бунёдшавандаро муаррифӣ менамояд.

 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр семент» дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-ро барои 1280 ҷой месозад. Лоиҳаи мактаби мазкур аз ҷони КФ КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.

  

Мактаб дар маҳаллаи Меҳробод

Дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои пойтахт  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  барои 1280 нафар сохта мешавад. Фармоишгари  ин муассисаи  таълимӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чжунгстай Моҳир Семент»  буда, лоиҳаи онро Корхонаи воҳиди давлатии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии лоиҳакашии  «Душанбешаҳрсоз» таҳия намудааст.

  

Литсейи хусусӣ дар кӯчаи Баҳовуддинови пойтахт

Муассисаи дигари таълимии бунёдшаванда литсейи хусусӣ барои 1280 хонанда мебошад, ки  бо хобгоҳаш дар кӯчаи Баҳовиддинови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сохта мешавад. Лоиҳаи  литсейи мазкурро Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Партнёр»   таҳия намуда, фармоишгари он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дақиқ» мебошад.

  

Муассисаи таълимӣ дар кӯчаи Саид Носир

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Декорд-Инвест» дар кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои 640 хонанда муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ месозад. Лоиҳаи мактаби мазкур аз ҷониби  КВД ПИТЛ «Душанбешаҳрсоз» омода гардидааст.

Мактаби №15 дар ноҳияи Шоҳмансур

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Авитссена» дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  барои 720 хонанда муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-ро месозад. Лоиҳаи ин мактабро «Академияи меъморӣ ва сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ таҳия намудааст.

 

Бинои иловагии гимназияи хусусии  «Кафолат»

Муассисаи таълимии гимназияи хусусии «Кафолат»  дар шаҳраки 82-юми ноҳияи Синои пойтахт бинои иловагии таълимӣ барои  432 хонанда месозад. Лоиҳаи ин бинои таълимӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Плаза-И» омода шудааст.

Мактаб барои 1200 хонанда дар ноҳияи Фирдавсӣ

Бо дарназардошти он ки собиқ  деҳоти Россияи  ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  дохил  гардид, дар ин маҳалла зарурати бунёди мактаби нав ба миён омад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ меъмор»  дар  ин маҳаллаи ноҳияи Фирдавсӣ барои 1200 ҷой муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ месозад. Лоиҳаи ин муассисаи таълимиро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хаттот» таҳия намудааст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Аксҳо аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе

Июль 5, 2021 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ноҳияи Сино супорида шуд
Дар Душанбе ба пешвози меҳмонон-иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо омодагӣ мегиранд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кумакҳои пулӣ расонида мешаванд
Дар Душанбе барои занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд даври омӯзишии «Бонуи ҳунар» оғоз ёфт
Барои ташкили ғайриқонунии нуқтаи савдо нисбат ба 13 шаҳрванд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Боғи фарҳангию фароғатии «Аҳмади Дониш»-и шаҳри Душанбе беҳтарин боғ дар соли 2025 дониста шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Имрӯз дар «Кохи Суруш»- и шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ! Дар пойтахт сохтмони 56 муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ РАВАНДСОЗ. Ин равандҳо фарогири доираи васеи кишварҳо аз чор қитъаи олам- Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрико мебошад