Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид

Октябрь 8, 2026 10:13

ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Дар доираи он нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тибқи ин қарор, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаву ташкилоти  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Душанбе  ва зерсохторҳои он   доир ба аҳамияти таърихии  ин санади сарнавиштсоз дар рушди мамлакат  бо иштироки коршиносони  соҳа  мулоқоту суҳбат  ва барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор  мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки сиву ду сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994, дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Аз ин рӯ 6 ноябр таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз идҳои асосии миллии мо маҳсуб мешавад.

Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии мамлакат, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян намуд.

Ҳамзамон Конститутсия заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон ва мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод.

Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 8, 2026 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд