ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбанда мешавад
ДУШАНБЕ, 30.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, тӯфони чангу ғубор боқӣ мемонад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳо бориши сусти борон ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 17+22 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Туфони чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 16+21 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 20+22 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.








Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид






