ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, чангу ғубор ба амал меояд

Июль 16, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабр ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубори суст ба амал меояд. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 ва  рӯзона 27+32  дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 3+8 ва рӯзона  15+20  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.  Шамол  аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва  дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 20+25  ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13  дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  камабр ва тағйирёбандаи  бебориш  пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26  ва рӯзона 37+42  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22  ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 8-13 метр дар як сония вазида, чангу ғубори суст ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 20+25  дараҷа гарм ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17  ва рӯзона  26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда,  чангу ғубори суст ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 8-13 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  22+24  ва рӯзона 36+38  дараҷа гарм мешавад.

Июль 16, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар 43 сардхонаи шаҳри Ҳисор беш аз 10 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда мешавад
Муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Суғд ба фасли зимистон омода мебошанд
Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои ИДМ оғоз гардид
ZET-MOBILE иқдоми навро оғоз кард: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОМОР. Тавассути омори расмӣ равандҳои муҳими иҷтимоӣ таҳлилу баррасӣ карда мешаванд
Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо дар 83- солагӣ аз дунё даргузашт
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дмитрий Семёнов: «Синамоҷашнвораи байналмилалии «Тоҷи Сомон» фазои ҳамкории байналмилалӣ фароҳам овард»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида ба Иди Меҳргон ҳамоиш баргузор карда шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад