Пагоҳ Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад

Июль 13, 2021 10:32

ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 14 июл Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 30 июни соли 2021 ба имзо расид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба рӯзномаи иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои зерин: Гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №62; Дар бораи рафти иҷрои нақша – чорабиниҳо оид ба иншооти бунёдшаванда бахшида ба таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;  Ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва вазъи хизматрасонии тиббӣ; Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба назорати риояи Дастури Маҷлиси вакилони халқ вобаста ба фаъолияти кори вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе; Ворид намудани тағйирот ба замимаи 5 қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020, №7; Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2021 ва  вазифаҳо барои нимсолаи дуюм, инчунин тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дохил карда шудаанд.

Тибқи қарори мазкур  барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ  таъсис дода шуда буд. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум  то  10 июли соли 2021 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таклифҳои мушаххасро пешниҳод   намуданд.

 

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июль 13, 2021 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд