Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Июль 13, 2021 21:05

ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бегоҳии рӯзи 13 июли соли равон суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш доир гардид.

Дар оғози суҳбат Роҳбари давлати мо ҷаноби Антонио Гутерришро ба муносибати аз нав интихоб шуданаш ба мақоми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бори дигар табрик гуфта, таъкид карданд, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳои худ бо ин сохтори фарогири ҳамкориҳои бисёрҷониба аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Дар ин қарина Пешвои миллат изҳори боварӣ намуданд, ки Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ ҷиҳати татбиқи пайгиронаи Рӯзномаи 2030, Ҳадафҳои Рушди Устувори он ва дигар қарорҳои Маҷмаи Умумии Созмон, ҳамчунин вокуниши муносиб ва муқовимати самаранок ба таҳдиду хатарҳои муосир талошҳои муассир ба харҷ хоҳад дод.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми арзандаи кишвари мо дар татбиқи масъалаҳои мубрами глобалӣ, аз ҷумла дар соҳаи об ёдовар шуда, ба иқдомҳои охири Тоҷикистон ҷиҳати  эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян намудани санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, инчунин таъсис додани  Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ишора намуданд.

Дабири кулли СММ зимни суханронии худ нақши пешвоӣ ва калидии Тоҷикистон ва Сарвари онро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус мушкилоти вобаста ба об ва масъалаҳои умдаи амниятӣ таъкид карда, дастгирии пурраи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду сохторҳои тахассусии онро аз иқдомҳои мо дар ин ҷода иброз дошт.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ба вазъи имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда,  нигаронии худро аз шиддат гирифтани даргириҳо дар ин кишвари ба мо ҳамсоя иброз доштанд. Зимнан, муҳиммияти мусоидати ҳамаҷониба ба оғози амалии раванди музокироти байниафғонӣ қайд карда шуд.

Дар ин робита аҳаммияти идомаи ҳамоҳангиҳои зичи ҷонибҳои манфиатдор дар ин самт  таъкид гардид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо инчунин атрофи дигар масъалаҳои умдаи рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.

Дар поени суҳбат президенти мо аз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ҷашнии Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал оварданд.

Июль 13, 2021 21:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд